Дарёфти 10 кило афюн аз Дилшод

Май 30, 2012 14:10

Душанбе, 30 май. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). – Кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар дар ҳудуди ноҳияи Фирдавсии пойтахт зиёда аз 10 килограмм маводи нашъаоварро мусодира намуданд. Бино ба хабари маркази матбуоти ВКД ҶТ, кормандони он ҳангоми дар ҳудуди ноҳияи Фирдавсӣ анҷом додани амалиёти фаврӣ шаҳрванд Шералиев Дилшод Уроқовичи 37 сола, сокини кӯчаи Неъмат Қаробоевро дастгир намуданд. Ҳангоми тафтиш аз манзили истиқоматии номбурда борхалтаи дорои зиёда аз 10 килограмм маводи нашъаовари афюн пайдо гардид.Доир ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад.

Май 30, 2012 14:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Китоби «Садриддин Айнӣ. Феҳристи адабиёт» рӯнамоӣ гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
«МегаФон Тоҷикистон» шабакаро ба суръатҳои нави гигабитӣ омода менамояд
Бахшида ба 34-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Пенза ҳамоиш доир шуд
«ИСТИҚЛОЛ-НЕЪМАТИ БЕБАҲО». Дар ин мавзуъ дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ конференсияи илмӣ доир гардид
Донорҳо аз Бунёди Lives & Livelihoods дастовардҳо дар соҳаи ҳифзи саломатии модар ва кӯдакро дар Тоҷикистон таҷлил менамоянд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Истиқлоли давлатӣ — асоси хушбахтӣ ва рушди давлатдории миллӣ
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Нақши занони тоҷик дар таҳкими давлатдории миллӣ назаррас аст