«Europian Times» — муаррифгари фазои сармоягузории Тоҷикистон

Май 31, 2012 10:35

Душанбе, 31 май. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саидов бо хабарнигорони маҷаллаи «Europian Times» (Иттиҳоди Аврупо) мусоҳиба намуд.Д. Саидов ба саволҳои хабарнигорон доир ба вазъ ва сиёсати имрӯзаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, фазои сармоягузории кишвар, ҷалби ҳарчи бештари сармояи мустақим, инчунин татбиқи барномаҳои дастгирии давлатии соҳибкорӣ ва идораи самараноки моликияти давлатӣ посух дода, маълумоти мухтассар доир ба фаъолияти Кумита пешниҳод кард.Аз ҷумла, раиси Кумита зикр кард, ки дар Тоҷикистон дар айни замон фазои мусоиди сармоягузориву соҳибкорӣ муҳайё гаштааст, вале мо бо ин дастовардҳо маҳдуд намешавем, балки барои татбиқи ислоҳоти нав ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани пешбурди фаъолияти соҳибкориву сармоягузорӣ дар ҷумҳурӣ талош меварзем. Дар навбати худ, хабарнигорони маҷаллаи «Europian Times» иброз доштанд, ки мақсади асосии сафари онҳо ба Тоҷикистон аз ошно намудани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хонандагон ва доираи васеи соҳибкорону сармоягузорони аврупоӣ ибрат аст, зеро ки онҳо доир ба Тоҷикистон маълумоти дақиқ ва кофиро надоранд.

Май 31, 2012 10:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд