Конфронс аз рӯи проблемаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ

Май 31, 2012 14:35

Душанбе, 31 май. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). – Имрӯз, 31 май, фаъолони созмонҳои ҷавонон ва ҳифзи ҳуқуқ, таҳлилгарон ва намояндагони мақомоти давлатии Тоҷикистон, Қирғизистон ва Қазоқистон масъалаҳои мубрами муҳоҷирони ҷавон ва роҳҳои ҳалли онҳо дар конфронси Пажӯҳишгоҳи инъикоси муҳорибаю осоишро мавриди муҳокима қарор медиҳанд.Тавре дар Намояндагии Пажӯҳишгоҳ дар Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар шаҳри Душанбе мутахассисони бахши муҳоҷирати меҳнатӣ ва сиёсати байни ҷавонон, намояндагони созмонҳои ҷамъиятӣ ҷамъ меоянд.Иштирокдорони конфронс масъалаҳои таъсири манфии муҳоҷирати меҳнатӣ ба оилаҳои ҷавон, проблемаҳои демографӣ ва хавфи аз байн рафтани генофонд дар Қирғизистону Тоҷикистонро мавриди муҳокима қарор дода, кӯшиш менамоянд, ки ба саволҳои мураккаби таъсири манфии муҳоҷирати меҳнатӣ ба ҳаёти ҷавонони кишварҳои минтақа посух ёбанд.

Май 31, 2012 14:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд