Қотили Холмўъмин Сафаров дастгир гардид
Душанбе, 15 июл. (АМИТ «Ховар»). — Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ва ҳаракатҳои тафтишотӣ аз тарафи кормандони Вазорати корҳои дохилӣ оид ба куштори Сафаров Холмӯъмин, соли таваллудаш 1955, зодаи ноҳияи Восеъ, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Сино, бинои 42/1, ҳуҷраи 35, директори Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангал ва шикори Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 14-уми июли соли 2012 шахси содирнамудаи ҷинояти мудҳиш муайян ва дастгиру безарар гардонида шуд.Тафтишоти пешакӣ ва чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ оиди дастгир намудани ҳаммаслакони шахси ҷинояти мазкурро содирнамуда идома дорад.Маълумоти ҳамаҷониба ва холисона аз рафти тафтишоти пешакӣ, ки сирри хизматиро ташкил медиҳад, баъди пурра ва ҳаматарафа санҷиш шудан ба васоити ахбори омма иттилоот пешниҳод карда мешавад.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои дохилӣ иттилоъ доданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Дар шаҳри Душанбе дарси маҳорати байналмилалӣ оғоз гардид
Дар ноҳияи Рӯшон кишти баҳорӣ оғоз гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст






