Ҳавои гарми Саудӣ ба сўи Тоҷикистон ҳаракат менамояд
Душанбе, 5 июл.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Ҳавошиносони кишвар ҳаракати ҳавои гарми биёбониро аз сўи нимҷазираи Арабистони Саудӣ ба сўи кишвараҳои минтақаи Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон пешгўӣ менамоянд. Парвина Саидҷамолова, мудири шўъбаи пешгўии обу ҳавои Муассисаи давлатии обуҳавошиносии кишвар мегўяд, ки бо ҳаракати ҳавои гарми Саудӣ ба Тоҷикистон, ки он рўзҳои 9, 10 ва 11 июл дар назар дошта шудааст, ҳарорати ҳаво нисбат ба рўзҳо феълӣ то се чор дараҷа боло рафта, дар пойтахт –шаҳри Душанбе рўзона ҳарорат аз 40 дараҷа боло меравад, дар қисмати ҷанубии кишвар гармии ҳаво ба 45 дараҷа мерасад. Дар ин давра ҳарорати ҳаво дар вилояти Суғд шабона 19-24 рўзона 39-44, дар вилояти Хатлон шабона 21-26 рўзона 40-45 дараҷа гарм, дар Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон /ВМКБ/ шабона 17-22 рўзона 33-36 дарҷа гарм. Дар Дарвоз бошад ҳарорати ҳаво рўзона то 40 дараҷа гарм мешавад. Дар Шарқи ВМКБ шабона 4-9 рўзона 22-25дарҷа гарм, дар кўҳҳо рўзона то 34-36 дараҷа гарм хоҳад шуд. Дар ноҳияҳои тобеи марказ ва пойтахти ҷумҳурӣ-шаҳри Душанбе ҳарорати ҳаво шабона 22-24 ва рўзона 40-42 дараҷа гарм мешавад. Имрўз, 5 июл ҳаво дар пойтахт шабона 17-22 рўзона 34-39 дараҷа гарм мешавад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Дар шаҳри Душанбе дарси маҳорати байналмилалӣ оғоз гардид
Дар ноҳияи Рӯшон кишти баҳорӣ оғоз гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст






