Ҷамъбасти «Ҳифз-2012»
Душанбе, 10 июл. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон чорабинии мудофиаи ҳудудӣ ва маҷмӯи машқҳои муштараки амалиётӣ-тактикӣ таҳти унвони «Ҳифз-2012» бо тирпаронии ҷангӣ ҷамъбаст гардид.Мувофиқи нақша машқҳои муштарак аз рӯи амалан таҳрезӣ намудани чаҳор унсури зидди террористӣ дар се давра ташкилу ба роҳ монда шуданд: Даври якум: Машқҳои муштараки Ситодӣ-фармондеҳӣ бо ҷалби ҷузъу томҳои гарнизони ҳарбии Хоруғ;Даври дуюм: Машғулиятҳои Ситодӣ-фармондеҳӣ бо истифодаи тамоми имкониятҳои мудофиаи ҳудудӣ;Даври сеюм: Ҷамъомади амалиёти сафарбарӣ бо раисони ҳукуматҳои маҳаллӣ ва комиссарони ҳарбии ВМКБ;Ин давраҳо унсурҳои тактики — вобаста ба муайян намудану дастгир кардани гурӯҳҳои мусаллаҳи террористӣ дар яке аз дидбонгоҳи сарҳадӣ; ба воситаи зарбаи авиатсия ва оташи туп «артиллерия» нобутсозии лагери омодакунии террористон; ҳамоҳангии Қӯшунҳои гарнизони Хоруғ зимни ташкилу ба роҳ мондани амалиёти махсус; ташкилу гузаронидани амалиёти муштараки махсус, барои озод намудани гаравгонон ва дастгир кардани террористонро дар бар мегирифтанд.Ба ҷамъомади мудофиаи ҳудудӣ ва маҷмӯи машқҳои муштараки амалиётӣ-тактикӣ раисони шаҳру навоҳии ВМКБ, комиссарони ҳарбӣ ва ҳайати шахсии ҷузъу томҳои сохторҳои қудратии ин гарнизон ҷалб гардида, яроқу аслиҳаи мухталифи оташфишон, чархболҳои ҳарбиву нақлиётӣ, техникаҳои зиреҳпӯши ҷангӣ ва тупҳо истифода гардиданд.Ҳадаф аз баргузории маҷмӯи машқҳои амалиёти тактикӣ ва ҷамъомади мудофиаи ҳудудӣ дар ВМКБ мусоидат ба сайқали таҷрибаи ҳайати шахсии ширкаткунандагони машқҳо дар ташкили амалиёти бомуваффақонаи ҷангӣ, ҳамоҳангии сохторҳои низомии мамлакат дар сурати ба вуқӯъ пайвастани хатарҳои эҳтимолӣ, санҷиши дурусти дастаҳои амалиёӣ-тактикӣ, вусъат додани қӯшунҳои гарнизони Хоруғ, коркарди хусусияти баланди маънавӣ-ҷангӣ, устувории рӯҳӣ, қобилияти ҷисмонӣ, тартиби дурусти ҳуҷҷатгузорӣ, сафарбарии қӯшун ва омодагии доимии ҷузъу томҳои низомӣ дар самти доир кардани унсурҳои мухталифи ҷангӣ дар шароити дашту саҳро ва кӯҳистони ҳудуди ҷумҳурӣ мебошад. Дар даври ниҳоии машқҳои муштараки низомӣ вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковник Шералӣ Хайруллоев, раиси ВМКБ Қодири Қосим, роҳбарони чанде аз мақомоти қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ иштирок намуда, маҷмӯан ба маҳорату малакаи ҷангии ҷузъу томҳои дар машқҳо ширкаткунанда баҳои баланд доданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






