Ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон

Июль 25, 2012 14:56

Душанбе, 25 июл. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Имрӯз дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ ҷаласаи васеи ҳайати мушовара баргузор гардид. Дар ҷаласа муовини аввали Сарвазири мамлакат Матлубхон Давлатов ва роҳбарони вазорату идораҳои марбута ва ассотсиатсияҳои соҳибкорӣ, сардорони воҳидҳои сохторӣ ва муассисаҳои тобеи Вазорати рушди иқтисод ва савдо иштирок намуданд.  Дар рафти ҷаласа вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Шариф Раҳимзода «Оид ба фаъолияти Вазорат ва ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ ва вазифаҳо то охири соли 2012» маърӯза намуд. Дар ҷаласаи васеи ҳайати мушовара, ҳамчунин роҳбарони як қатор вазорату идораҳо, аз ҷумла вазири молия Сафаралӣ Наҷмиддинов, муовини аввали раиси Бонки миллӣ Ҷамшед Юсуфиён, раиси Ассосиатсияи соҳибкорон ва молистеҳсолкунандагони ҷумҳурӣ Зайд Саидов ва дигарон ба музокира баромада, оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар ва фаъолияти Вазорати рушди иқтисод ва савдо дар ин самт мулоҳиза ва пешниҳодҳои хешро баён намуданд. Дар фарҷом муовини аввали Сарвазири мамлакат Матлубхон Давлатов ҷаласаи ҳайати мушовараро натиҷагарӣ намуда, фаъолияти Вазорати рушди иқтисод ва савдоро дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ хуб баҳогузорӣ намуд. Дар баробари ин оид ба як қатор камбудиҳои ҷойдошта ва ислоҳи онҳо дар фаъолияти минбаъда, вазифаҳои навбатии Вазорати рушди иқтисод ва савдо ва дигар вазорату идораҳо дар нимсолаи дуюми соли ҷорӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Июль 25, 2012 14:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид