Афзоиши корхонаҳои саноатӣ
Душанбе, 5 июн. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Ба иттилои дастгоҳи раиси вилояти Хатлон, дар давоми 20 соли истиқлолият шумораи корхонаҳои саноатии ин вилоят ба 289 адад расидааст, дар ҳоле ки дар соли 1991 дар вилоят ҳамагӣ 75 корхонаи саноатӣ вуҷуд дошт. То соли 2000-ум боз 53 корхонаи дигари саноатӣ бунёд гардид. Дар давоми 20 сол корхонаҳои саноатӣ 4 маротиба афзоиш ёфтааст, ки он аз натиҷаи сиёсати хирадмандонаи роҳбари давлат гувоҳӣ медиҳад. Танҳо соли 2011 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ин вилоят ба 3 млрд.119 млн. сомонӣ расонида шуд, ки ин нишондиҳанда 42 фоизи ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти саноатии кишварро ташкил дод. Дар 5 моҳи аввали соли 2012 ба маблағи 1 млрд.347 млн. сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол карда шудааст. Дар назар аст, ки дар давоми соли ҷорӣ боз 108 корхонаи хурду бузурги санатӣ бунёд гардад. Айни замон дар корхонаҳои саноатии вилоят беш аз 60 ҳазор коргарон ба кори доимӣ фаро гирифта шудаанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Дар шаҳри Душанбе дарси маҳорати байналмилалӣ оғоз гардид
Дар ноҳияи Рӯшон кишти баҳорӣ оғоз гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст






