Барқияи табрикотии Президенти Ветнам
Душанбе, 13 июл. (АМИТ «Ховар»). – Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам Чионг Том Шанг ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барқияи табрикотӣ ирсол намуд, ки дар он аз ҷумла гуфта шудааст:Ба муносибати 20 – солагии истиқрори муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам ва Ҷумҳурии Тоҷикистон аз номи давлат, мардуми Ветнам ва шахсан худам ба Шумо Ҷаноби Олӣ ва халқи тоҷик табрикоти самимии худро ирсол менамоям.Боиси хушҳолист, ки дар ин муддат Ҷумҳурии Тоҷикистон ба комёбиҳои бузург дар корҳои эъмору рушди кишвар, беҳбудии сатҳи зиндагии мардум ва мунтазам баланд нигоҳ доштани мавқеияти давлати хеш дар минтақа ва тамоми ҷаҳон ноил гардид. Ман бовар дорам, ки муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои мутақобилан судманди байни Ветнаму Тоҷикистон, ки дар 20 соли охир таҳким ёфтаанд, дар оянда низ дар мутобиқат бо манфиатҳои мардуми кишварҳои мо рушд меёбанд.Ба Ҷумҳурии Тоҷикистон гулгулшукуфоӣ ва ба мардуми тоҷик комёбиҳоро таманно дорам. Ба Шумо, Ҷаноби Президент, сиҳативу саломатӣ ва комёбиҳои навинро дар мақоми олидараҷаатон орзу дорам.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти иттилоотии Президенти ҶТ хабар доданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Дар шаҳри Душанбе дарси маҳорати байналмилалӣ оғоз гардид
Дар ноҳияи Рӯшон кишти баҳорӣ оғоз гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст






