Баста шудани роҳ ба ронандагон мушкилот пеш намеорад
Душанбе, 3 июл.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Шурўъ аз 1 июл то 28 октябри соли равон ҳаракати нақлиёт дар роҳи автомобилгарди кўчаи Самад Ғанӣ (аз буриши хиёбони Рўдакӣ то дарвозаи Боғи Ирам) ва кўчаи Бохтар (аз назди бинои «Душанбе Плаза» то буриши кўчаи Шотемур) қатъ карда мешавад, ки сабабаш гузаронидани корҳои сохтмону азнавсозии роҳҳои автомобилгард дар кўчаҳои зикршуда аст. Дар робита ба ин раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев қарори марбута ба тасвиб расонд, ки тибқи он барои таъмини бехатарии ҳаракати нақлиёт дар кўчаҳои С. Ғанӣ ва Бохтар чораҳо андешида мешаванд. Дар асоси ин қарор Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе муваззаф шудааст, ки барои таъмини ҳаракати нақлиёт дар кўчаҳои ҳамшафат боназардошти гузоштани аломатҳои роҳ ва таъмини ҳаракати шаҳрвандон тадбирҳои зарурӣ андешад. Дар ин ҳол Зиёратшо Хушов, муовини сардори шўъбаи бозрасии давлатии автомобилии шаҳри Душанбе дар сўҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» гуфт, ки баста шудани роҳ дар кўчаҳои С. Ғанӣ ва Бохтар ба ҳаракати воситаҳои нақлиёти ҷамъиятӣ мушкилот ба бор намеорад, зеро дар ин кўчаҳо хатсайри ҳаракати воситаҳои нақлиёти ҷамъиятӣ вуҷуд надорад. Мавриди зикр аст, ки фармоишгари корҳои сохтмониву азнавсозии роҳҳо дар кўчаҳои зикршуда Муассисаи давлатии «Раёсати сохтмон, азнавсозӣ ва таъмири асосию ҷории роҳҳою кўпрукҳои ҳудуди марзию маъмурии шаҳри Душанбе» аст.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Дар шаҳри Душанбе дарси маҳорати байналмилалӣ оғоз гардид
Дар ноҳияи Рӯшон кишти баҳорӣ оғоз гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст






