Боздиди намояндагони Бонки ҷаҳонӣ аз «Роғун»
Душанбе, 23 июл. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — Вазири энергетика ва саноати кишвар Гул Шералӣ имрӯз зимни нишасти матбуотӣ бо хабарнигорони дохилию хориҷӣ иттилоъ дод, ки сабаби аз фаъолият бозмондани корҳои сохтмонӣ дар НБО «Роғун»- ин мавриди назорат қарор гирифтани ин иншооти гидроэнергетикӣ аз ҷониби намояндагони Бонки ҷаҳонӣ мебошад. Тибқи иттилои вазири энергетика ва саноати кишвар рӯзи 19 июли соли ҷорӣ ду намояндаи Бонки ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон ташриф овард. Имрӯз як гурӯҳи дигар озими кишвари мо гаштанд ва пагоҳ ба НБО-и «Роғун» мераванду корҳои сохтмонии иҷрошударо мавриди тафтиш қарор дода, хулосаашонро ба Ҳукумати ҷумҳурӣ оид ба ихтисор кардану накардани кормандони иншооти мазкур пешниҳод менамоянд. Ҳамчунин вазир дар мавриди фаъолият накардани Нерӯгоҳи хурди барқи обии «Марзич» гуфт: «Нерӯгоҳи хурди барқи обии «Марзич» сад фоиз ба истифода дода шудааст, бинобар сабаби ҷой нагирифтани ғунҷоиши хатҳои қувваи барқ дар хатҳои пешинаи он фаъолияти нерӯгоҳ каме ба таъхир афтодааст, вале мо ба «Барқи Тоҷик» таъкид кардем, ки аз рӯи иқтидори нерӯгоҳ, ки 4, 3 мегават аст, хатҳои онро ҳарчӣ тезтар азнав барқарор кунанд. Дар нерӯгоҳи мазкур як камбудии дигар низ ҷой дорад. Дар вақти лоиҳакашӣ барои обанбораш маблағ ҷудо накардаанд ва мо супориш додем, ки барои тоза кардан ва сатҳи онро чуқуртар кардан техникаи заруриро сафарбар намоянд, то дар фасли сармо оби обанбор ях накунаду нерӯгоҳ пурра ба фаъолият оғоз намояд»,-таъкид намуд Гул Шералӣ.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Дар шаҳри Душанбе дарси маҳорати байналмилалӣ оғоз гардид
Дар ноҳияи Рӯшон кишти баҳорӣ оғоз гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст






