Фароғат дар Ромит
Душанбе, 06 июл. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- 5 июли соли ҷорӣ дар Муассисаи давлатии «Истироҳатгоҳи коргарҷавонон»-и Ромит басти навбатии истироҳати тобистонаи тарбиятгирандагони Муассисаи давлатии «Литсей-интернати касбии махсуси маъюбон»-и Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба охир расид.
Истироҳати кӯдакони имконияташон маҳдуд аз 10 июн оғоз гардида, то 27 июл давом меёбад. Дар ин басти истироҳатӣ зиёда аз 100 нафар кӯдакон бо хӯроки гарм (3 маротиба дар як рӯз), ҷойҳои хоб ва дигар намудҳои хизмати иҷтимоӣ таъмин гардида, зери назорати роҳбарияту мураббиёни истироҳатгоҳ мебошанд.
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии маъюбон (8 июл), дар истироҳатгоҳ дар ҳамкории сарпарастони соҳавии Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти Литсей-интернати махсуси маъюбон, роҳбарияти мавсимии истироҳатгоҳ ва Ташкилоти ҷамъиятии Федератсияи байниминтақавии варзишгарони маъюб чорабиниҳои варзишӣ гузаронида шуд, аз ҷумла дар намудҳои шашка, тениси рӯи миз, дастхобонӣ, бадминтон, сангбардорӣ, намудҳои зӯрхонаи эронӣ, билярд ва дигар намуди бозиҳои шавқовар гузаронида шуданд.
Боиси ифтихор аст, ки ҷавонони болаёқати ҷумҳурӣ бо саъю кӯшишу маҳорати баланд ғолибони мусобиқаҳои гуногун гардида, бори дигар тасдиқ карданд, ки дар арсаи байналмилалӣ соҳиби ҷоизаҳо гардида, чандин маротиб сабабгори бардошта шудани парчами Тоҷикистон шудаанд.
Аъзои ҳакамон ғайрату матонати ҷавононро ба назар гирифта, ғолибонро сазовори тӯҳфаҳои хотиравӣ ва ифтихорномаҳо гардониданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Дар шаҳри Душанбе дарси маҳорати байналмилалӣ оғоз гардид
Дар ноҳияи Рӯшон кишти баҳорӣ оғоз гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст






