Лоиҳаҳо аз 20 манбаъ маблағгузорӣ мешаванд
Душанбе, 24 июл. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Имрӯз дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои Амри Президенти ҶТ нишасти матбуотӣ оид ба фаъолияти кумитаи мазкур дар нимсолаи аввали соли 2012 доир гардид.Дар нишаст аз ҷониби роҳбарияти кумита маълумоти мушаххас оид ба ҷараёни беҳгардонии фазои сармоягузорӣ, дастгирии ҳамаҷонибаи соҳибкорӣ ва идораи самараноки амволи давлатӣ пешниҳод карда шуд. Маълум гардид, ки то ҳолати 1-уми июли соли 2012 маҷмӯи лоиҳаҳои сармоягузории амалкунандаи Ҳукумати ҶТ аз 60 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ иборат буда, маблағи умумии онҳо 1 млрд. 934 млн. доллари ИМА ё зиёда аз 9,2 млрд. сомониро ташкил медиҳад. Лоиҳаҳои амалишаванда аз 20 манбаъ маблағгузорӣ шуда, 12 соҳаи гуногуни иқтисодиётро дар бар мегиранд.Ба гуфти муовини аввали Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Анвар Наҷмиддинов маблағгузорони асосии лоиҳаҳои сармоягузории татбиқшаванда Ҳукумати Тоҷикистон, Бонки Рушди Осиё, Бонки Ҷаҳонӣ, Бонки Исломии Рушд, Ҷумҳурии Мардумии Чин ва дигар кишвару созмонҳои маблағгузор мебошанд. Дар доираи маҷмӯи лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар давоми шаш моҳи аввали соли 2012 азхудкунии маблағҳо 76, 6 млн. доллари ИМА-ро ташкил додааст, ки ин ба 120, 6 фоизи нақшаи нимсола баробар мебошад. Зикр шуд, ки дар натиҷаи андешидани тадбирҳои зарурӣ воридоти сармоягузории мустақим ба ҷумҳурӣ афзоиш ёфтааст. Аз ҳисоби хусусигардонии моликияти давлатӣ дар нимсолаи аввал ба буҷаи ҷумҳурӣ 15,5 млн. сомонӣ ворид гардидааст. Барои рушди соҳибкории хурду миёна аз ҷониби бонкҳо ва ташкилоти маблағгузории хурд зиёда аз 3 млрд.706 млн. сомонӣ маблағҳои қарзӣ дода шудааст,- иброз дошт А. Наҷмиддинов дар ҷавоб ба саволи хабарнигоре, ки ба соҳибкорӣ таваҷҷӯҳи бештар дошт.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Дар шаҳри Душанбе дарси маҳорати байналмилалӣ оғоз гардид
Дар ноҳияи Рӯшон кишти баҳорӣ оғоз гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст






