Мактаби тобистонаи «Ирам-2012» дарҳои худро боз мекунад
Душанбе, 6 июл. (АМИТ «Ховар», Музаффар Рустамов).- Аз 8 то 21 июли соли 2012 бо дастгирии молиявии Институти «Ҷамъияти Кушода» — Бунёди Мадад дар Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Вазорати маорифи Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар Истироҳатгоҳи солимгардонии кӯдакон, наврасон ва ҷавонон ба номи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»-и вилояти Суғд (н. Ҷаббор Расулов) мактаби тобистонаи «Ирам-2012» ташкил мешавад.
Ҳадафи асосии ин мактаб мусоидат ба ҳамгироии иҷтимоии наврасону ҷавонони имконияташон маҳдуд, таъсиси муҳити дастрас, шароити истироҳати тобистона, омӯзиш ва иштироки фаъолона дар семинарҳои таҳсилотӣ, сабқатҳои мубоҳисавӣ, чорабиниҳои фарҳангиву варзишӣ ва таъсиси шабеҳи модели давлати демократӣ мебошад. Мавриди ёдоварист, ки дар лагер 80 нафар наврасону ҷавонони аз 14 то 20-солаи ҳамаи манотиқи кишвар, ки аз онҳо 30 нафарашон имконияти маҳдуд доранд, иштирок мекунанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Дар шаҳри Душанбе дарси маҳорати байналмилалӣ оғоз гардид
Дар ноҳияи Рӯшон кишти баҳорӣ оғоз гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст






