Монеаҳои сунъӣ ҳам садди роҳ нашуданд
Душанбе, 27 июл. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар нимсолаи аввали соли 2012 новобаста аз вазъи ноустувори иқтисодиёти ҷаҳонӣ ва дигар монеаҳои сунъӣ, ки дар ин давра аз ҷониби ҳамсоякишвари мо ба вуҷуд оварда шуданд, ба рушди иқтисодиёти кишварамон бе таъсир боқӣ монданд ва он ба таври мӯътадил рушд ёфт. Тамоюли пешрафт қариб дар ҳамаи соҳаҳои иқтисодиёт ба мушоҳида мерасад,- иброз дошт вазири рушди иқтисод ва савдо Шариф Раҳимзода дар сӯҳбат ба хабарнигорон. Ба гуфти Ш.Раҳимзода маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД)-и кишвар нишондиҳандаи асосии самаранокии рушди иқтисод дар шаш моҳи соли ҷорӣ нисбат ба ҳамин давраи соли 2011 буда, он ба андозаи 7,4 фоиз афзоиш ёфтааст. Ин нишондиҳанда дар нимсолаи аввали соли гузашта ҳамагӣ 6,9 фоизро ташкил дода буд. Чунонки аз таҳлилҳои иқтисодӣ бармеояд, дар шашмоҳаи якуми соли ҷорӣ ММД нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 0,5 фоиз афзоиш ёфтааст, ки он то дараҷае аз устуворшавии иқтисодиёти ватанӣ дарак медиҳад.Вазир маҷмӯи маҳсулоти дохилиро дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ 13 млрд.824,2 млн. сомонӣ хонд, ки он нисбат ба ҳамин давраи соли 2011 ба миқдори 2 млрд. 666 млн. сомонӣ зиёд аст. «Ин пешрафту шукуфоӣ бори дигар собит намуд, ки барои мардуми меҳнатқарини тоҷик ҳеҷ гуна садд, хоҳ он сунъӣ бошад, хоҳ табиӣ монеа наметавонад»,- афзуд вазир.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Дар шаҳри Душанбе дарси маҳорати байналмилалӣ оғоз гардид
Дар ноҳияи Рӯшон кишти баҳорӣ оғоз гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст






