Мулоқоти Гул Шералӣ бо К. Миллер
Душанбе, 28 июл. (АМИТ «Ховар», Афшини Муқим).-Нимаи дуюми рӯзи 27- уми июл Вазири энергктика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гул Шералӣ бо роҳбари Корпаратсияи байналмилалии молиявӣ Кристофер Миллер мулоқот анҷом дод. Дар мулоқот масъалаҳои ҷалби сармоягузориҳои хусусӣ барои сохтмони нерӯгоҳҳои барқи обии миёна, нерӯгоҳҳои офтобӣ ва шамолӣ, дастгирии молиявии Корпаратсияи байналмилалии молиявӣ вобаста ба таъминоти сӯзишвории мазутӣ ба шабакаҳои барқии гармидиҳӣ дар фаслҳои тирамоҳу зимистон ва дигар мушкилоти вобаста ба рушди соҳаҳои энергетика ва саноат мавриди баррасӣ қарор гирифт. Ҷонибҳои аз натиҷаҳои вохӯрӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, иброз доштанд, ки густариши ҳамкорӣ дар бахшҳои марбутаи соҳа ба манфиати ҳар ду ҷониб аст. Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Дар шаҳри Душанбе дарси маҳорати байналмилалӣ оғоз гардид
Дар ноҳияи Рӯшон кишти баҳорӣ оғоз гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст






