Назорати ҳолати иҷрои қонунгузории замин дар ВМКБ
Хоруғ, 23 июл. (АМИТ «Ховар», Л.Додо ). – Дар прокуратураи ВМКБ барои хабарнигорони бурунмарзию дохилӣ бо иштироки прокурори вилоят ва роҳбарони сохторҳои қудратӣ нишасти матбуотӣ баргузор шуд. Зикр шуд, ки дар вилоят ҳолати иҷрои қонунгузории замин ҳамчун самти афзалиятнок таҳти назорати доимӣ қарор дорад. Дар ин самт 35 санҷиш гузаронида шуда, 28 қарори раисони шаҳру навоҳӣ дар боби ҷудо кардани қитъаҳои замин бекор шуда, 62 нафар ба ҷавобгарии маъмуриву интизомӣ кашида шудаанд. Ба хотири содир намудани ҷиноятҳои сӯиистифода аз мансаб ва сохтакории ҳуҷҷатҳо ҳангоми ҷудо намудани қитъаҳои замин иҷрокунандаи вазифаи раиси кумитаи заминсозии ноҳияи Ишкошим Б.Меликбеков, мудири шӯъбаи иқтисод ва савдои мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлати ноҳия Р.Раҳимбеков ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида шудаанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Дар шаҳри Душанбе дарси маҳорати байналмилалӣ оғоз гардид
Дар ноҳияи Рӯшон кишти баҳорӣ оғоз гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст






