Сафи идона
Суғд, 6 июл. (АМИТ «Ховар», С.Юсуфӣ). – Дар факултети №4 – и Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз хатми курсантони гурӯҳи қӯшунҳои дохилӣ, ки дар муддати ду сол таҳсил намудаанд, гузаронида шуд. Бояд мутаззаккир шуд, ки факултети №4 – и Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон аз августи соли 1994 дар омода намудани кормандони мақомоти корҳои дохилии кишвар саҳми беандоза гузошта истодааст. Ин боргоҳи таълим аввал дар заминаи Мактаби олии ВКД ҶТ, баъдан дар моҳи декабри соли 2000 ба факултети №4 – и Академияи ВКД ҶТ табдил дода шуда, барои давлати соҳибистиқлоламон то имрӯз қариб 2500 нафар мутахассиси баландихтисос ва миёна омода намудааст.
Аз соли 2000 мувофиқи талаботи ВКД ҶТ факултети №4 нозирони минтақавӣ ва кормандони оперативиро омода мекард, аз соли 2010 бошад, барои ВКД ҶТ мутахассисони олӣ дар соҳаи фаъолияти маъмуриро бар ӯҳда гирифтааст, ки ҳоло вобаста ба ин самт курсантон дар курси дуюм таҳсил карда истодаанд.
Дар факултет 8 кафедра фаъолият менамояд, ки мутахассисони баландихтисос дар таълиму тарбияи ҷавонон саҳми беандоза гузошта истодаанд. Дар байни онҳо кормандони собиқадори мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ҳам олимон кор мебаранд. Дар факултет ҳоло 15 нафар докторону профессорон ва номзадҳои илм фаъолият доранд.
То имрӯз фақат дар кафедраи Тайёрии ибтидоӣ ва такмили ихтисос зиёда аз 2000 нафар кормандони ВКД дар вилояти Суғд аз курсҳои тайёрии ибтидоӣ ва такмили ихтисос гузаштаанд.
Мувофиқи нишондоди ВКД ҶТ таҳсил дар Академия чорсола буда, аз соли равон ба таҳсили 5 сола довталабон қабул карда мешаванд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






