Шиносоии вазир аз вазъи иҷтимоии водии Зарафшон

Июль 11, 2012 17:00

Душанбе, 11 июл. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадамин Маҳмадаминов 10-11 июли соли ҷорӣ бо ҳайати кормандон ба водии Зарафшони вилояти Суғд сафари корӣ анҷом дод. М. Маҳмадаминов зимни сафари корӣ дар водии Зарафшон аз фаъолияту шароити кории зерсохторҳои Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар шаҳри Панҷакент ва ноҳияи Айнӣ, раёсату шӯъбаи Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳочират, филиалу намояндагии муассисаи таълими калонсолон, шӯъбаи хизматрасонии иҷтимоӣ дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, раёсатҳои Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, Хадамоти давлатии ташхисию тиббии иҷтимоӣ ва Муасиссаи давлатии хона-интернати пиронсолон, маъюбон ва беморони рӯҳии шаҳри Панҷакент аз наздик шинос шуд. Бояд гуфт, ки дар хона-интернати шаҳри Панчакент 80 нафар бошандагон умр ба сар бурда, буду боши онҳо пурра аз ҳисоби буҷаи давлат маблағгузорӣ мешавад. М. Маҳмадаминов ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоиди корӣ дар Раёсати Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират дар шаҳри Панҷакент баҳои баланд дода, барои таъмини таҷҳизоти зарурии корӣ дар раёсату шӯъбаҳои соҳа ба шахсони масъул супоришҳои мушаххас дод. Аз ҷумла ҷиҳати ба нақша гирифтани бунёди бинои сеошёнаи муосир барои фаъолияти кории зерсохторҳои Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент супоришҳои махсус дода шуд.Инчунин, вазир бо шаҳрвандон, сардорони раёсат ва шӯъбаҳои дахлдори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, раисони шаҳраку деҳот ва роҳбарони ташкилоту муассисисаҳо мулоқот доир намуд. Дар ин мулоқот М. Маҳмадаминов шахсони масъулро вазифадор намуд, ки иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 октябри соли 2009 «Дар бораи муҳоҷирати аҳолии қобили меҳнат аз ноҳияҳои камзамин ва сераҳолии кӯҳистон ба водиҳои дорои заминҳои бекорхобидаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2010-2012»-ро ба пуррагӣ таъмин намоянд.

Июль 11, 2012 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад