Судя Нур Нуров бозхонд шуд
Душанбе, 19 июл.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Нур Нуров- судяи Суди Олии ҷумҳурӣ 18 июл дар иҷлосияи даҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз вазифаи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд гардид. Бояд зикр кард, ки 14 июни соли равон аъзои Маҷлиси миллӣ дар иҷлосияи нўҳуми палатаи болоии парлумони мамлакат доир ба пешниҳоди Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Салимзода Шерхони Одина барои ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан ва ба ҳангоми зарурат ба ҳабс гирифтани судяи Суди Олии ҷумҳурӣ Нур Нуров ризоият дода буд. Масъалаи ба ҷавобгарии ҷиноӣ ва ҳангоми зарурат ба ҳабс гирифтани судяи Суди Олии ҷумҳурӣ Нур Нуров ба қазияи Низомхон Ҷўраев, собиқ директори корхонаи кимиёи шаҳри Исфара ё худ парвандаи 33 нафар исфарагиҳо рабт дошт.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Дар шаҳри Душанбе дарси маҳорати байналмилалӣ оғоз гардид
Дар ноҳияи Рӯшон кишти баҳорӣ оғоз гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст






