Таркиш дар Душанбе
Душанбе, 5 июл. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонкулова).-Субҳи имрӯз дар бинои ҶДММ «Омега», воқеъ дар кӯчаи Карамови ноҳияи И.Сомонӣ таркиш ба амал омад. Ба иттилои сомонаи расмии ВКД ҶТ, ҳарчанд таркиш боиси ташвишу изтироби сокинони ин маҳалла гардид, вале дар натиҷаи он танҳо оинаҳои ҳуҷраи посбонӣ шикаста, ба касе зарари ҷисмонӣ нарасидааст. Дар рафти тафтиш маълум шуд, ки бар асари риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ ва хунукназарона муносибат кардан бо таҷҳизоти барқӣ дастгоҳи обгармкунии худсоз бе об монда, сабаби рух додани таркиш гардидааст. Аз шаҳрвандон хоҳиш карда мешавад, ки ҳангоми истифодаи дастгоҳҳои барқию газӣ риояи қоидаҳои бехатарӣ ва муносибати дуруст бо онҳоро фаромӯш накунанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Дар шаҳри Душанбе дарси маҳорати байналмилалӣ оғоз гардид
Дар ноҳияи Рӯшон кишти баҳорӣ оғоз гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст






