ВАО ва ҷараёни тафтишоту баррасии парвандаҳои ҷиноятӣ
Душанбе, 20 июл. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). – Дирӯз дар Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ машварати хабарнигорон бо намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар мавзӯи «ВАО ва ҷараёни тафтишоту баррасии парвандаҳои ҷиноятӣ» баргузор гардид. Корманди дафтари матбуоти Вазорати фарҳанг Раҳматулло Раҳматуллоев ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ки созмондиҳандагони машварат Вазорати фарҳанг ва Иттифоқи журналистони Тоҷикистон мебошанд. Машваратро вазири фарҳанг Мирзошоҳрух Асрорӣ ифтитоҳ бахшида, оид ба вазифаҳои аҳли фарҳангу матбуот ва мақомоти ҳифзи ҳуҳуҳ ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Президенти кишвар дар самти баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии рӯзноманигорон, аз ҷумла дахолат накардан ба фаъолияти мақомоти тафтишотӣ ва мурофиаи судӣ, ҳалли мақсадноки баҳсҳои миёни нашрияҳо ва маводи ҳадафи танқидшаванда, таъмини дастрасии бештари хабарнигорон ва шаҳрвандон бо иттилооти расмӣ ва дигар қонунгузориҳои ҷумҳурӣ, самаранокии озодии сухан ва ошкорбаёнӣ, ибрози ақида намуд. Намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба суолҳои хабарнигорон посух дода, атрофи талаботи қонунгузории ҶТ оид ба воситаҳои ахбори омма дар робита ба тафтишоти парвандаҳои ҷиноятӣ сухан ронданд. Зикр гардид, ки дар замони кунунӣ хеле васеъ шудани доираи иттилоот дар мавқеи ҷаҳонӣ, аз бар намудан ва мусаллаҳ будан бо донишу маърифати ҳуқуқӣ хеле муҳим аст.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Дар шаҳри Душанбе дарси маҳорати байналмилалӣ оғоз гардид
Дар ноҳияи Рӯшон кишти баҳорӣ оғоз гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад






