Занон-кормандони ҳифзи ҳуқуқ бо яроқ
Душанбе, 26 июл. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). – 19 нафар зан-корманди ҳифзи ҳуқуқ аз мақомоти роҳбонӣ, дастаи таъиноти махсуси милитсия, Раёсати кофтукови ҷиноятӣ, Раёсати ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, Академияи ВКД ҶТ, РБДА, ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон ва дигар ҷузъу томҳои Вазорати корҳои дохилӣ тайи панҷ рӯз курси кӯтоҳмуддати омӯзиширо хатм намуданд. Дар ин бора аз Вазорати корҳои дохилӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд. Тибқи иттилои манбаъ мақсади гузаронидани ин курс баланд бардоштани савияи дониши кормандон ва густариши фаъолияти мақомоти милитсия дар ҳамбастагӣ бо ҷомеа мебошад. Омӯзиши малакаҳои гузаронидани курси услубҳои мудофиавӣ барои занон-кормандони ҳифзи ҳуқуқ аз тарафи занон-мутахассисони Эмерҷенс Груп бо назардошти “занон-кормандони ҳифзи ҳуқуқ дар ҳолатҳои фавқулодда бо яроқ” таҳия шудааст. Иштирокчиён системаи ҷангии даст ба гиребонро дар сенарияҳои ҳақиқӣ ва зери фишор бо нишон додани зарба задан, гӯштингирӣ ва ба таври дуруст мубориза бурдан бар зидди бӯғикунӣ, зарба бо пой ва доштан, амалӣ намуданд.Баъди хатми курси омӯзишӣ ба иштирокчиён барои азхуд намудани мавзӯъҳои муҳими соҳавӣ сертификат супорида шуд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Дар шаҳри Душанбе дарси маҳорати байналмилалӣ оғоз гардид
Дар ноҳияи Рӯшон кишти баҳорӣ оғоз гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст






