11 деҳа соҳиби майдони варзишӣ мешавад
Душанбе, 23 август. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар асоси супориши раиси шаҳри Роғун дар 11 деҳаи ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти Роғун қитъаи замин барои сохтмони майдончаҳои варзишӣ ҷудо гардид. То имрӯз 6 майдончаи варзишӣ дар деҳаҳои Қади Об, Чормағз ва Навободи ҷамоати деҳоти Қади Об ва ҳамчунин дар деҳаҳои Луғари Боло, Шоҳи Аслон ва Сайидони ҷамоати деҳоти Сичароғ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд. Майдончаҳои варзишӣ, ки барои дӯстдорони футболу волейбол бунёд мегарданд, бо дастгирии ҷавонон, шахсони алоҳида ва сокинони деҳот сохта мешаванд. Сохтмони дигар майдончаҳои варзишӣ дар ҳудуди шаҳри Роғун идома дорад,- иттилоъ дод мутахассиси шӯъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳри Роғун Осиямоҳ Давлатова ба мухбири АМИТ «Ховар».








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Дар шаҳри Душанбе дарси маҳорати байналмилалӣ оғоз гардид
Дар ноҳияи Рӯшон кишти баҳорӣ оғоз гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст






