11 деҳа соҳиби майдони варзишӣ мешавад

Август 23, 2012 10:39

Душанбе, 23 август. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар асоси супориши раиси шаҳри Роғун дар 11 деҳаи ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти Роғун қитъаи замин барои сохтмони майдончаҳои варзишӣ ҷудо гардид. То имрӯз 6 майдончаи варзишӣ дар деҳаҳои Қади Об, Чормағз ва Навободи ҷамоати деҳоти Қади Об ва ҳамчунин дар деҳаҳои Луғари Боло, Шоҳи Аслон ва Сайидони ҷамоати деҳоти Сичароғ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд. Майдончаҳои варзишӣ, ки барои дӯстдорони футболу волейбол бунёд мегарданд, бо дастгирии ҷавонон, шахсони алоҳида ва сокинони деҳот сохта мешаванд. Сохтмони дигар майдончаҳои варзишӣ дар ҳудуди шаҳри Роғун идома дорад,- иттилоъ дод мутахассиси шӯъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳри Роғун Осиямоҳ Давлатова ба мухбири АМИТ «Ховар».

Август 23, 2012 10:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад