Ҳолати ташвишовари техникаи коммуналӣ
Душанбе, 13 август. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- То имрӯз ҳолати бади таъмини техникаи махсуси корхонаҳои коммуналӣ роҳи ҳалли худро пайдо накардааст. Дар моҳи июли соли 2012 дар мувозинаи корхонаҳои коммуналии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ аз 709 адад техникаи махсуси баҳисобгирифташуда, танҳо 256 адади он коршоям мебошад,- иброз дошт директори кулли КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» А. Тағоймуродов ба мухбири АМИТ «Ховар». Ба гуфти А.Тағоймуродов, 453 адад техникаи дар мувозинаи корхонаҳои соҳа ба қайд гирифташуда мӯҳлати дуюму сеюми истифодабариашон кайҳо гузаштааст. Бо вуҷуди он ки техника хеле кӯҳнаю фарсуда аст, баҳри самаранок истифода намудани он дар асоси фармони директори кулли Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» -и ҷумҳурӣ ҳамаи роҳбарони корхонаҳои коммуналии шаҳру ноҳияҳо вазифадор карда шуданд, ки техникаи дар ихтиёр доштаашонро аз таъмир бароварда, мӯҳлати истифодаи онҳоро зиёд намоянд.То охири моҳи июл 15 фоизи техникаи таъмирталаб ба маблағи 147 ҳазор сомонӣ аз таъмир бароварда шуд.- «Бо мақсади беҳтар намудани сифати хизматрасонии коммуналӣ дар миқёси ҷумҳурӣ 79 адад мошинҳои партовкаш, 67 адад мошинҳои махсуси ассенизатсионӣ, 54 адад экскаватор ва булдозерҳо лозиманд, ки хариди он маблағи хеле калонро талаб мекунад. Мо чунин маблағро дар суратҳисоби худ надорем ва аз ин рӯ, техникаи дар ихтиёр доштаамонро гаштаю баргашта таъмир ва мавриди истифода қарор медиҳем»,- афзуд А. Тағоймуродов.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Дар шаҳри Душанбе дарси маҳорати байналмилалӣ оғоз гардид
Дар ноҳияи Рӯшон кишти баҳорӣ оғоз гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст






