Ҷамъбасти «Суруди сол-2012»
Душанбе, 6 июл. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллоева).- Аз 3 то 5 август дар шаҳри Хуҷанд фестивал-озмуни сарояндагони сурудҳои эстрадӣ таҳти унвони «Суруди сол-2012» баргузор гардид. Тавре ки сармутахассиси Вазорати фарҳанг Раҳматулло Раҳматуллоев ба хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар дод, барои иштирок дар фестивал 70 нафар ҳуҷҷати худро пешниҳод намуданд. Ба даври якуми озмун 20 нафар роҳхат гирифта, 12 сарояндаи ҷавон ба даври дуввум гузаштанд. Даври ниҳоии фестивал- озмун дар варзишгоҳи «Спартак»-и шаҳри Хуҷанд бо иштироки ситораҳои эстрадаи тоҷик (ба ҳайси меҳмон) баргузор гашт. Гран-прии озмун насиби Ғуломҷон Миргадоев аз ноҳияи Ҷаббор Расулов гардид. Ҷои аввал сазовори ду нафар -Рӯзиҷон Ваҳҳобова аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва Толиб Исмоилов аз шаҳри Хуҷанд гардид. Сазовори ҷои дуввум Парвиз Раҷабов аз вилояти Хатлон, Алишер Абдусатторов аз шаҳри Исфара ва Дамир Олимов аз ноҳияи Ғончӣ дониста шуданд. Мижгона Иброҳимова аз шаҳри Душанбе, Фарзона Давлатова аз шаҳри Чкалов, Сардор Солиев аз шаҳри Хуҷанд ва Акмал Воситӣ аз Исфара сазовори ҷои саввум гардиданд. Ҷоизаи таваҷҷӯҳи тамошобинон лоиқи Шодмон Сулаймонӣ-сокини ноҳияи Мастчоҳ дониста шуд. Ҷоиза барои услуби хоси сарояндагиро Аъзам Болтубоев аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба даст овард. Ҷоизаҳоро ба ғолибон вазири фарҳанги ҷумҳурӣ Мирзошоҳрух Асрорӣ ва раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода тақдим намуданд.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






