Афзоиши сармоягузорӣ дар шаш моҳ
Душанбе, 3 август. (АМИТ «Ховар», Фирӯза Давлатова).- Тибқи иттилои Агентии омори назди Президенти ҶТ дар шаш моҳи охир маблағи сармоягузорӣ 1707,1 млн. сомониро ташкил додааст, ки нисбат ба соли 2011 72,9 фоиз зиёд мебошад. Ҳаҷми асосии сармоягузорӣ дар сармояи асосӣ аз тарафи корхона ва ташкилотҳо аз ҳисоби маблағҳои давлатӣ 893,3 млн. сомонӣ ё 52,3 фоиз, саҳомӣ- 38,3 млн. сомонӣ ё 2,2 фоиз, аҳолӣ- 108,6 млн. сомонӣ ё 6,4 фоиз, корхонаҳои шахсӣ- 84,9 млн. сомонӣ ё 5 фоиз, корхонаҳои хориҷӣ- 394,1 млн. сомонӣ ё 23,1 фоиз, корхонаҳои муштарак- 73 млн. сомонӣ ё 4,3 фоиз, ҷамъиятҳои масъулияташон маҳдуд- 111,8 млн. сомонӣ ё 6,5 фоиз, хоҷагиҳои деҳқонӣ-2,2 млн сомонӣ ё 1 фоиз, Тоҷикматлубот-9 млн. сомонӣ ё 1 фоизро ташкил медиҳад. Инчунин фондҳои асосӣ аз ҳисоби маблағҳои давлатӣ 399,7 млн. сомонӣ ё 57,6 фоиз, саҳомӣ- 14,7 млн. сомонӣ ё2,1 фоиз, аҳолӣ- 108,3 млн. сомонӣ ё 15,6 фоиз, корхонаҳои шахсӣ- 66,6 млн. сомонӣ ё 9,6 фоиз, корхонаҳои муштарак- 38,1 млн. сомонӣ ё 5,5 фоиз, ҷамъиятҳои масъулияташон маҳдуд- 54,1 млн. сомонӣ ё 7,8 фоиз, хоҷагиҳои деҳқонӣ-2,1 млн сомонӣ ё 3 фоиз, Тоҷикматлубот-3 млн. сомонӣ ё 1 фоизро дар бар мегиранд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Дар шаҳри Душанбе дарси маҳорати байналмилалӣ оғоз гардид
Дар ноҳияи Рӯшон кишти баҳорӣ оғоз гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст






