Андрей Шишковский- директори нави «ТТ мобайл»
Душанбе,14 август. (АМИТ «Ховар», Зарина Саидова).- Бо қарори Шӯрои директорони ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «ТТ мобайл» Шишковский Андрей Юрюевич директори иҷроияи «ТТ мобайл» таъйин гардид. Дар ин бора аз ҶСП «ТТ Мобайл» иттилоъ доданд. Гуфта мешавад, ки Андрей Шишковский дар ширкати мазкур аз моҳи октябри соли 2008 ба сифати директори молиявӣ фаъолияти меҳнатиро оғоз намуда, фаъолияти ҳирфаӣ ва роҳбарии муваффақонаи лоиҳаҳо, ҳамчунин лаёқати таҳлили воқеият ва қабули саривақтии қарорҳои муносиб ӯро ба ин вазифа овардааст.Пешрафти «МегаФон-Тоҷикистон»-ро дар бозори мобилии Тоҷикистон ба фаъолияти Андрей Шишковский рабт дода, аз ӯ ҳамчун бунёдгузори технологияи насли сеюми алоқаи мобилӣ дар Тоҷикистон ном мебаранд. Дар давраи роҳбарии Андрей Шишковский мизоҷони интернетии ширкат чор маротиба афзоиш ёфтааст. «МегаФон-Тоҷикистон» дар бозори телекоммуникатсияи кишвар ҳамчун ширкати навовар эътироф шудааст. Аз ҷумла, соли 2011 ин ширкат дар як қатор истгоҳҳои базавии худ дастгоҳи иловагии нерӯи барқро насб намуда, нахустин бор дар Тоҷикистон технологияи муосири алоқаи LTE-ро ҷорӣ намуд.Лоиҳаҳои мазкур тавасcути иштироки фаъолонаи Андрей Шишковский амалӣ гардида, дар натиҷа «МегаФон-Тоҷикистон» ҳамчун ширкати дорои муштарии зиёд шинохта шуд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Дар шаҳри Душанбе дарси маҳорати байналмилалӣ оғоз гардид
Дар ноҳияи Рӯшон кишти баҳорӣ оғоз гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст






