Барқияи шодбошии Э. Раҳмон ба Президенти Ҳиндустон
Душанбе, 16 август. (АМИТ «Ховар»).-Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон Пранаб Мукерҷӣ барқияи шодбошӣ ирсол намуд, ки дар он омадааст:Ҷаноби Олӣ,Сарфарозам, ки Шумо ва мардуми дӯсти Ҳиндустонро ба муносибати ҷашни солгарди истиқлоли кишвар табрику таҳният гӯям.Мамлакатҳои мо тӯли чандин садсолаҳо робитаҳои гуногунҷанбаи таърихӣ доштанд. Ин таҷрибаи муфиду бузург тақозо менамояд, ки дар шароити имрӯза низ мо ҳамкориҳои судманди гуногунарсаро рушду густариш бахшида, сатҳи онро ба зинаҳои баландтар бардорем.Дастовардҳои назарраси кишвари фарҳангпарвари Ҳинд дар самтҳои гуногун ва боло рафтани нуфузи байналмилалии он боиси хурсандии мост.Ҷумҳурии Тоҷикистон, мисли пешина, мӯътақид бар он аст, ки ҳамкории васеъ ва мутақобилан судманди бунёдии ду кишвари дӯст на фақат ҷавобгӯи манфиатҳои миллии онон, балки омили муҳими суботу истиқрор ва пешрафти минтақа мебошад. Итминон дорам, ки дар оянда низ ба хотири пешрафти ин раванди созанда ҳар ду ҷониб саъю эҳтимом ва кӯшишҳои пайвастаи хешро дареғ нахоҳанд дошт.Бо ибрози таманниёти беҳтарини пешрафту шукуфоӣ ба мардуми дӯсти Ҳиндустон, ба Шумо, Ҷаноби Олӣ, сиҳатии комил, хушрӯзӣ ва дастовардҳои навин хоҳонам.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Дар шаҳри Душанбе дарси маҳорати байналмилалӣ оғоз гардид
Дар ноҳияи Рӯшон кишти баҳорӣ оғоз гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст






