Барқияи табрикотии Эмомалӣ Раҳмон ба Виктор Янукович
Душанбе, 24 август. (АМИТ «Ховар»).-Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Украина Виктор Янукович барқияи табрикотӣ ирсол намуд, ки дар он чунин омадааст:Мӯҳтарам Виктор Фёдорович, Ба муносибати солгарди иди миллии Украина — Рӯзи истиқлолият табрикоти самимонаамро бо қаноатмандии зиёд ба Шумо ва ҳамаи халқи Украина ирсол медорам.Тоҷикистон ба рушди устувори ҳамкории ҳамаҷонибаи Тоҷикистону Украина аҳамияти бузург дода, ҷонибдори минбаъд ба он бахшидани мазмуни мушаххас аст.Мо аминем, ки ҳамкориамонро, ки дар анъанаҳои мустаҳками дустӣ ва ҳамкории мутақобилан муфид қарор дорад, бо саъю кӯшишҳои муштарак таҳким мебахшем. Бовар дорам, ки муносибатҳои байни ҳарду халқу давлатҳоямон ба принсипҳои баробарҳуқуқӣ ва назардошти манофеи ҷонибайн такя карда, пайгирона рушду густариш ёфта ва бахшҳои нав ба навро фаро мегиранд.Иҷозат фармоед ба Шумо, мӯҳтарам Виктор Фёдорович, тансиҳатии бардавом ва комрониҳо ва ба халқи бародари Украина беҳбудӣ ва шукуфоии минбаъдаро орзу намоям.Аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин бора ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Дар шаҳри Душанбе дарси маҳорати байналмилалӣ оғоз гардид
Дар ноҳияи Рӯшон кишти баҳорӣ оғоз гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст






