Боздошти ду нафар гумонбарони куштори А. Назаров
Душанбе, 13 август. (АМИТ «Ховар»).- Тавре хабар дода будем, шоми 21 июни соли равон аз ҷониби гурӯҳи муташаккилу мусаллаҳи ҷиноятӣ сардори Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар ВМКБ генерал-майор Назаров Абдулло ба ҳалокат расонида шуда буд. Вобаста ба ин аз ҷониби кормандони мақомоти корҳои дохилӣ корҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ оғоз гардида, нисбати ин далел аз ҷониби Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуд.Тавре сомонаи расмии ВКД ҶТ хабар медиҳад, барои дастгир намудани содиркунандагони ҷинояти мазкур чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, профилактикӣ ва фаҳмондадиҳӣ ба роҳ монда шуд, ки дар натиҷа ду нафар гумонбарони ин куштор ихтиёран худро ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супориданд ва нисбат ба онҳо корҳои тафтишотӣ идома дорад. Бинобар халал нарасонидан ба рафти тафтишоти пешакӣ аз гирифтани ному насаби гумонбаршудагон худдорӣ мешавад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Дар шаҳри Душанбе дарси маҳорати байналмилалӣ оғоз гардид
Дар ноҳияи Рӯшон кишти баҳорӣ оғоз гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст






