Кӯмак ба ятимону бепарасторон
Душанбе, 17 август. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).-Дар арафаи Иди Фитр аз ҷониби зерсохтори Вазорати корҳои дохилӣ, Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ ба Хонаи кӯдакони рақами 2-и Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе ба миқдори муайян, маводи ғизоӣ аз қабили шири хушк барои кӯдакони навзод, ғизои кӯдакона, орд, шакар, биринҷ ва шириниҳо тақдим гардид. Тавре сомонаи расмии ВКД ҶТ хабар медиҳад, масъулини ин муассисаҳо дар ҷавоб ба ин ғамхориҳои роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ изҳори умедворӣ намуданд, ки ин амали хайрхоҳона, ки дар пайравии сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти кишвар анҷом дода шудааст, дар оянда низ идома хоҳад ёфт. Бояд қайд кард, ки Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастгирии табақаи ниёзманди кишвар ва чунин кӯдакистонҳову мактаб-интернатҳо, ҳамасола кӯмак мерасонад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Дар шаҳри Душанбе дарси маҳорати байналмилалӣ оғоз гардид
Дар ноҳияи Рӯшон кишти баҳорӣ оғоз гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст






