Муҳоҷирати дохилӣ ва хориҷӣ
Душанбе, 22 август. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Муҳоҷирати бебозгашт бо иваз кардани маҳалли истиқомат аз рӯи маълумоти қайди талонҳои ашхоси кӯчидаомада ва кӯчидарафта, ки дар шӯъбаҳои шиносномавии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб гирифта мешаванд, дар давоми нимсолаи якуми соли ҷорӣ афзоиш ёфтааст.Тибқи маълумоти ин ниҳоди давлатӣ, шумораи умумии муҳоҷирон (шумораи аҳолии кӯчидаомада ва ҷамъи аҳолии кӯчидарафта) 35 ҳазор нафарро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2011-ум ба андозаи 4,5 фоиз зиёд аст. Аз он ҷумла шумораи аҳолии кӯчидаомада 16,1 ҳазор нафар ва шумораи аҳолии кӯчидарафта 19,1 ҳазор нафарро ташкил додаст. Дар асоси маълумоти бадастомада, шумораи аҳолии кӯчидаомада -4,7 ва шумораи аҳолии кӯчидарафта, ки таносуби он боз ҳам зиёдтар аст, 4,3 фоиз зиёд шудааст. Агар шумораи умумии муҳоҷирон дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ бо иваз кардани ҷойи истиқомат дар вилояти Суғд -12,1 фоиз, ВМКБ -6,6 ва вилояти Хатлон 2,8 фоиз кам шуда бошад, дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ баръакс, шумораи умумии муҳоҷирон бо иваз кардани ҷойи истиқомат мутаносибан 2,4 ва 5,8 фоиз зиёд шудааст.Амали муҳоҷирати бебозгашт бо иваз кардани ҷойи истиқомат на танҳо ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки ба тамоми Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил хос аст ва дар ин ҷумҳуриҳо низ иваз кардани маҳалли истиқомат бо кӯчидаомадан ва ё кӯчидарафтан ҳамасола ба қайд гирифта мешаванд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Дар шаҳри Душанбе дарси маҳорати байналмилалӣ оғоз гардид
Дар ноҳияи Рӯшон кишти баҳорӣ оғоз гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст






