Мулоқоти Г. Шералӣ бо намояндагони Фонди Оғохон

Август 29, 2012 13:17

Душанбе, 29 август. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ). – Имрӯз вохӯрии вазири энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гул Шералӣ бо намояндагони Фонди Оғохон бо сардории Лутаф Қассам ва Озодхон Давлатшоев баргузор гардид. Дар вохӯрӣ масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи энергетика ва саноат, аз ҷумла ташкили корхонаҳои дӯзандагӣ, коркарди меваю сабзавот, маҳсулоти ширӣ (саноатӣ), истеҳсоли қолинҳои дастӣ дар вилояти Хатлон ва ВМКБ, сохтмони як адад НБО-и хурд (1:2 мВт) дар вилояти Хатлон ва масъалаҳои вобаста ба НБО-ҳои Санобод ва Себзор мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Тавре ки вазири энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гул Шералӣ зикр намуд, Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои захираҳои зиёди энергетикӣ, ашёи кишоварзӣ буда, ин имкон медиҳад, ки онҳо дар корхонаҳои саноатӣ коркард шаванд. Зикр шуд, ки густариши ҳамкориҳои дуҷонибаи мутақобилан судманд дар ин ва самтҳои дигар мувофиқи мақсад мебошад. Ҷаноби Лутаф Қассам оид ба мавҷуд будани заминаҳои мусоид барои вусъати ҳамкориҳо дар соҳаҳои мазкур ибрози назар намуд. Ҷонибҳо аз натиҷаҳои вохӯрӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, иброз доштанд, ки густариши ҳамкориҳо дар ин самт ба манфиати ҳарду ҷониб хоҳад буд.

Август 29, 2012 13:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Аз 22 то 24 декабр дар бештари ноҳияҳои Тоҷикистон фаромадани туман ва резиши қирав боқӣ мемонад
Паём — роҳнамои татбиқи идеяҳои низоми давлатдории миллӣ
Ба 10 зани ҳунарманд ва соҳибкори шаҳри Бӯстон гранти раиси шаҳр тақдим карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе бориши борон ва барф дар назар аст
Оид ба рушди ҳунармандӣ ва истифода аз грантҳои президентӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ машғулияти омӯзишӣ доир гардид
Доир ба нақши Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар омӯзиши забонҳои чинӣ ва кореягӣ конфронс доир шуд
Дар вилояти Суғд ғолибони озмунҳо қадрдонӣ гардиданд
Дар шаҳри Ҳисор маъракаи азнавбақайдгирии нафақагирон идома дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон зимистони астрономӣ фаро мерасад
Паёми Президенти Тоҷикистон дар ташаккули қонунгузории миллӣ нақши марказӣ дорад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
«Кока-Кола Нӯшокиҳои Тоҷикистон» ва Федератсияи футболи Тоҷикистон ҳамкории дарозмуддатро тасдиқ намуданд