Сафирони нав ба тавсеаи ҳамкориҳо ҳавасманданд
Душанбе, 10 август. (АМИТ «Ховар», Афшини Муқим).- Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз сафирони фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Туркманистон, Фаронса, Африқои Ҷанубӣ, Япония, Руминия ва Ордени Малта эътимоднома қабул намуд. Эмомалӣ Раҳмон дар доираи мулоқоти худ бо сафирон роҷеъ ба дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо кишварҳои фавқуззикр ибрози андеша намуда, таъкид кард, ки алъон барои тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои мухталиф бо кишварҳои номбурда заминаи мусоид фароҳам омадааст ва бо истифода аз шароиту имконоти мавҷуда бояд равобити Тоҷикистон бо ин кишварҳо тақвият дода шавад. Сафирони фавқуллодда ва мухтори ҷамоҳири Туркманистон, Фаронса, Африқои Ҷанубӣ,Япония, Руминия ва Ордени Малта Эмомалӣ Раҳмонро бовар кунониданд, ки тамоми кӯшишҳои худро дар самти рушди ҳамкориҳои минбаъда бо Тоҷикистон ба харҷ хоҳанд дод.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Дар шаҳри Душанбе дарси маҳорати байналмилалӣ оғоз гардид
Дар ноҳияи Рӯшон кишти баҳорӣ оғоз гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст






