Таваҷҷўҳи сайёҳони хориҷӣ меафзояд
Душанбе, 28 август. ( АМИТ «Ховар», Назир Назиров).- Солҳои охир мамнўъгоҳи давлатии табиии «Зоркул», воқеъ дар ноҳияи Мурғоб таваҷҷўҳи сайёҳон ва шикорчиёни хориҷиро беш аз пеш ба худ ҷалб менамояд. Ин бесабаб нест. Зеро воҳаю манзараҳои табиии нотакрор ва олами ҳайвоноту набототи нодири ин ҷо ба кас ҳаловату фараҳ мебарад. Мамнўгоҳи давлатӣ аз ҷумлаи муассисаҳои давлатии ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшавандаи буда, дар баландии зиёда аз 4000 м аз сатҳи баҳр қарор дорад ва масоҳати умумии он 87 ҳазору 700 гектар буда, аз он 10 ҳазор гектарашро кўлҳо ташкил медиҳанд. Вазифаҳои асосии мамнўъгоҳ аз ҳифзи гуногунии биологӣ бо роҳи нигоҳ доштани тамоми комплекси табиии мамнўъгоҳ, пешбурди мониторинги биологӣ, гузаронидани тадқиқоти илмӣ иборат мебошад. — Олами ҳайвоноти мамнўъгоҳ, — мегўяд сардори мамнўъгоҳ Шоназар Гулаёзов, гуногун ва рангин аст. Дар ин ҷо намудҳои мухталифи ҳайвоноти ваҳшӣ — паланги барфӣ, хирси бўр, гусфанди Марко Поло, бузи кўҳии сибирӣ, сияҳгўш, саги обӣ, харгўш, суғури сурхи думдароз, гург, рўбоҳро вохўрдан мумкин аст, ки сукунати доимӣ ва кўчӣ доранд. Паланги барфӣ, хирси бўр, гурги сурх ва гўсфанди Марко Поло ба Китоби Сурхи Тоҷикистон дохил карда шудаанд. Яке аз намудҳои нодири паррандагон ин ғози ҳиндӣ мебошад, ки барои тухмгузорӣ ба ин мавзеъ парида меояд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Дар шаҳри Душанбе дарси маҳорати байналмилалӣ оғоз гардид
Дар ноҳияи Рӯшон кишти баҳорӣ оғоз гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст






