Аз Мактаби байналмилалии президентӣ то донишгоҳҳои Аврупову Амрико
Душанбе, 1 сентябр. (АМИТ «Ховар», Афшини Муқим)- Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар доираи иштироки худ дар ифтитоҳи расмии Мактаби байналмилалии президентӣ дар шаҳри Душанбе аз ҳамаи шаротҳои мактаби мазкур дидан намуда, барои хубтару беҳтар ба роҳ мондани таҳсил, таъмин намудани хонандагон бо шароити маишӣ, инчунин баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии маҳассилин дастуру пешниҳод ва маслиҳатҳои муфид дод. Маврид ба зикр аст, ки Мактаби байналмилалии президентӣ дар шаҳри Душанбе бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуда, нақшаи таълимии он тибқи талаботи стандарти давлатии таҳсилот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти стандарти байналмилалии таҳсилот дар Аврупо таҳия гардидааст. Ҳамчунин тибқи нақшаҳои таълимии таҳиягардида ҳамаи хонандагони ин мактаб ҳуқуқ пайдо мекунанд, то дар имтиҳонҳои дохилшавӣ ба коллеҷу мактабҳои олии Аврупо ва Амрико иштирок намудаву шомили онҳо гарданд. Зеро асоси нақшаҳои таълимии ин мактаб мувофиқ ба стандартҳои байналмилалии Донишгоҳи Кембриҷи Британия таҳия шудааст. Мактаб дорои 16 синфхонаи лингофонӣ буда, барои ҳамаи фанҳо синфхонаҳо ва озмоишгоҳҳо муҳайё мебошад. Таҳсил дар Мактаби байналмилалии президентӣ асосан бо забони англисӣ сурат мегирад ва дар он ҳам хонандагон аз Тоҷикистон ва ҳам толибилмони хориҷи кишвар метавонанд таҳсил намоянд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Дар шаҳри Душанбе дарси маҳорати байналмилалӣ оғоз гардид
Дар ноҳияи Рӯшон кишти баҳорӣ оғоз гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст






