Беш аз 300 000 тонна ангишт истихроҷ шуд
Душанбе, 27 сентябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ)- Ҳаҷми умумии истихроҷи ангишт то 27 сентябри соли ҷорӣ ба 300 380 тонна расонида шуд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта қариб 200 %-ро ташкил медиҳад.Дар асоси барномаву чорабиниҳои Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати рушди соҳаи ангишт, бо назардошти мунтазам зиёд шудани талаботи аҳолӣ ва корхонаву муассисаҳо ба ангишт корхонаҳои истихроҷкунанда фаъолияти худро самаранок ба роҳ монда, иҷрои нақшаро то имрӯз қариб ду баробар нисбат ба ҳамин давраи соли сипаришуда таъмин намуданд. Тибқи иттилои котиботи Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар айни замон дар анборҳои корхонаҳои соҳа ва нуқтаҳои фурӯши он зиёда аз 34 ҳазор тонна ангишт мавҷуд аст. Мувофиқи маълумоти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо 1695 адад нуқтаи фурӯши ангишт (бо захираи 50611,3 тн.), аз ҷумла: вилоятҳои Суғд – 718 адад, Хатлон -589 адад, ВМКБ -62 адад, НТҶ ва шаҳри Душанбе – 326 адад мавриди истифода қарор доранд.Барои таъмини аҳолӣ ва муассисаҳои буҷавии ВМКБ аз корхонаҳои соҳа ба миқдори 5380 тонна ангишт интиқол ёфт.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Дар шаҳри Душанбе дарси маҳорати байналмилалӣ оғоз гардид
Дар ноҳияи Рӯшон кишти баҳорӣ оғоз гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст






