Чанд хабар аз хориҷи кишвар
Таркиш дар Сурия Душанбе, 26 сентябр. (АМИТ «Ховар»).- Ба иттилои Би-Би-Си дирӯз дар дар истгоҳи калонтарини яке аз шоҳроҳҳои наклиётгарди шаҳри Сурия дар вақти савор шудани мусофирон ба автобуси мусофирбар таркиши ногаҳонӣ рух додааст, ки бар асари он 4 нафар ҷон бохта, чандин каси дигар маҷрўҳ гардидаанд.Тавре ки хабар медиҳанд, таҷҳизоти таркандаро дар дохили як борхалтаи мусофир ба таври зӯрӣ чой карда, мусофирро вориди автобус намуда, тавассути дастгоҳи идоракунандаи фосилавӣ онро ба кор даровардаанд.Дар айни ҳол кормандони сохторҳои қудратӣ барои муайян сохтани сабабҳои ҳодиса дар ҷои таркиш тафтишот мебаранд. Задухўрд дар Туркия Душанбе, 26 сентябр. (АМИТ «Ховар»).- Дирӯз дар Сирнаки Туркия дар байни низомиёни нерўҳои ҳарбии Туркия ва аъзои Ҳизби коргарии курдҳо задухўрд ба амал омад, ки дар вақти ҳодиса чанд нафар аз ду ҷониб ба ҳалокат расида ва чанд тани дигар захмҳои гуногун бардоштанд.Ба гуфти роҳбари нерӯҳои ҳарбии Туркия муноқиша аз ҷониби курдҳо оғоз гардидааст. Дар айни замон дар ҷойи ҳодиса тамоми кормандони мақомоти қудратии мамлакат фаъолият бурда, сабабҳои асосии муноқишаро муайян месозанд. Бояд гуфт, ки муддати тӯлонӣ аст, ки задухӯрд миёни низомиёни ҳарбӣ ва курдҳо идома дорад.Тарчумаи Иброҳими Ҳабибуллоҳ








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






