Эҳёи навъҳои арча дар Суғд
Суғд, 20 сентябр. (АМИТ «Ховар», Мирзалӣ Амонов).-Масоҳати хоҷагиии ҷангал дар ҳудуди вилояти Суғд 589 ҳазор гектар мебошад, 80 ҳазор гектари он арчазор буда, дар мавзеъҳои аз 1,5 ҳазор метр баландтар аз сатҳи баҳр месабзанд. Дар чанд парваришгоҳи Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали вилояти Суғд ба тариқи кӯчат парвариши коҷи кабуд – навъи пурқиммати арчаро, ки аз намудҳои камёфти дарахти ороишист, ба роҳ монданд. Дар мавсими имсола эҳёву афзун намудани навъи арчаи зарафшонӣ – як навъи арчаи кӯҳӣ роҳандозӣ шуд. Дар минтақаҳои мансуб ба хоҷагии ҷангал дар 20 гектар зиёда 10 ҳазор бех ин навъи арча шинонида шуд. Боғи хуч 8 гектар ва ангат 21 гектар зиёд гардида, майдони сафедор дар 32 гектар бунёд шуда, дар 144 гектар барои пешгирии биёбоншавии мавзеъҳои алоҳида саксавул шинонида шуд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Дар шаҳри Душанбе дарси маҳорати байналмилалӣ оғоз гардид
Дар ноҳияи Рӯшон кишти баҳорӣ оғоз гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст






