Кӯдакон набояд ба корҳои саҳроӣ ҷалб шаванд!
Душанбе, 27 сентябр.(АМИТ «Ховар», Саидэҳсони Солеҳ).- Имрӯз дар Дафтари Созмони амният ва ҳамкории Аврупо ҷаласаи навбатии Комиссияи байниидоравии мубориза ба муқобили хариду фурӯши одамон ва даври ҳафтуми Муколама дар мавзӯи мубориза ба муқобили хариду фурӯши одамон баргузор гардид. Дар ҷаласа Абдусаттор Раҷабов, раиси Комиссияи байниидоравӣ-мудири шӯъбаи мудофиа ва тартиботи ҳуқуқию ташкилии мубориза бо хариду фурӯши одамон дар мавриди чунин зуҳуроти нангин сухан гуфт. Масъалаи риояи қонунгузории ҷорӣ ва дастуру супоришҳои Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон оид ба манъи истифодаи меҳнати маҷбурии мактаббачагон ва донишҷӯён дар корҳои саҳроӣ, аз ҷумла ҷамъоварии пахта мавриди баррасии ҷиддӣ қарор гирифт ва доир ба бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта қарорҳои зарурӣ қабул гардиданд. Бо мақсади аз нигоҳи касбӣ амалӣ намудани чорабиниҳои иттилоотӣ сомонаи комиссияи байниидоравӣ зери суроғаи WWW. antitip.tj роҳандозӣ гардид. Инчунин дар чорабинӣ намояндагони ташкилотҳои байнамилалӣ ва ғайриҳукуматӣ низ сухан карданд. Чорабиниро намояндагони сафоратҳои ИМА, Русия, Олмон,Фаронса,Туркия,Ӯзбекистон, Қирғизистон, Туркманистон, инчунин Созмони байналмилалии муҳоҷират, Шӯрои даниягӣ оид ба масъалаҳои гурезагон, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо намояндагӣ карданд. Дар нишаст гуфта шуд, ки мубориза ба муқобили хариду фурӯши одамон дар маркази диққати роҳбарияти кишвар қарор дошта, феълан дар қаламрави ҷумҳурӣ барномаи «Маҷмӯи мубориза бар зидди хариду фурӯши одамон дар ҶТ барои 2011-2013» татбиқ мегардад.








Дар шаҳри Душанбе дарси маҳорати байналмилалӣ оғоз гардид
Дар ноҳияи Рӯшон кишти баҳорӣ оғоз гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд






