ДУШАНБЕ — ШАҲРИ ҲУШМАНД ВА БЕХАТАР. Ба Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида мешавад

Апрель 17, 2026 10:00

ДУШАНБЕ, 17.04.2026. /АМИТ «Ховар»/.  Дар шароити ҷаҳони муосир, ки рушди технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ нақши калидӣ мебозанд, шаҳри Душанбе низ зери роҳбарии муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба марҳилаи нави пешрафт ворид гардидааст. Таваҷҷуҳи махсус ба рақамикунонӣ ва рушди коммуникатсияҳо имкон дод, ки пойтахт тадриҷан ба шаҳри муосир ва «Шаҳри ҳушманд» табдил ёбад.

Татбиқи барномаҳои «Шаҳри ҳушманд» имкон медиҳад, ки назорат ва идоракунии равандҳои шаҳрӣ, аз ҷумла ҳаракати нақлиёт, хизматрасониҳои коммуналӣ ва амнияти ҷамъиятӣ ба сатҳи нав бардошта шавад. Камераҳои назоратӣ, марказҳои идоракунии рақамӣ ва таҳлили маълумот ба беҳтар шудани тартибот ва амният мусоидат менамоянд.

Барномаи электронии «eDonish»

Тибқи қарори дахлдори Раиси шаҳри Душанбе «Дар бораи татбиқи барномаи электронии «eDonish»,  дар муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳри Душанбе бо истифода аз технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ» ин барнома ба тасвиб расидааст. Дар айни замон 194 муассисаи таълимӣ ба барнома пайванданд. Аз аввали татбиқи барнома то инҷониб шумораи бақайдгирифтагон дар барнома 14 ҳазору 494 омӯзгор, 288 ҳазору 461 волидайн ва 309 ҳазору 25 хонандаро ташкил медиҳад.

Барномаи электронии «eTib»

Дар ҳамкорӣ бо Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе ва шарикони рушд Асоснокунии техникию иқтисодии барномаи электронии «еТib» таҳия гардидааст. Тибқи дастурҳои Раиси шаҳри Душанбе, инчунин қарори дахлдори Раиси шаҳри Душанбе, шуруъ аз соли 2026 барномаи электронии «еТib» ва замимаи мобилии он ба таври пилотӣ дар 6 дармонгоҳи шаҳри Душанбе амалӣ мегардад.

Лоиҳаи «Сутунпояҳои махсусӣ таъйинотӣ»

Тибқи қарори Раиси шаҳри Душанбе «Дар бораи муваққатан ҷойгир намудани сутунпояҳои махсуси алоқаи мобилӣ дар ҳудуди шаҳри Душанбе», 21 сутунпояи махсуси алоқаи мобилӣ (ОДН) насб гардидааст. Ҳамзамон дар ояндаи қариб 18 сутунпояи махсуси алоқаи мобилӣ дар мавзеъҳои муайянгардидаи шаҳри Душанбе насб мегарданд.

Лоиҳаи иҷтимоии Wi-Fi

Дар асоси дастуру супоришҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ, дар 14 боғи истироҳатию фароғатӣ ва ҷойҳои ҷамъиятии пойтахт аз тарафи ширкатҳои мобилӣ ва интернет провайдерҳои мобилии интернети ройгон аз рӯи технологияи Wi-Fi насб гардидааст. Дар нақлиёти ҷамъиятии хатсайрҳои марказӣ таҷҳизоти Wi-Fi насб гардидаанд, ки мусофирон аз интернети ройгон истифода менамоянд. Дар нақша аст, ки нақлиёти ҷамъиятӣ бо интернет ба тариқи Wi-Fi пурра таъмин карда шавад.

Лоиҳаи «Рушди устувори шаҳри Душанбе»

Дар давраи соли 2025 якчанд чорабиниҳои лоиҳа амалӣ карда шуданд, алалхусус барои гузаронидани таҳқиқот оид ба «Арзёбии таъсири экологӣ ва иҷтимоии лоиҳа барои низоми ҷамъоварии партовҳои сахти маишӣ ва партовгоҳи партовҳои сахти маишии шаҳри Душанбе», «Асосноккунии техникӣ-иқтисодӣ оид ба такмили системаи ҷамъоварии партовҳои сахти маишӣ, аз ҷумла низоми тарифӣ ва биллингӣ дар шаҳри Душанбе» ва «Асоснокунии техникӣ-иқтисодии маблағгузорӣ барои сохтмони партовгоҳи партовҳои сахти маишии шаҳри Душанбе» бо ширкатҳои машваратӣ қарордодҳо ба имзо расонида шуда, корҳои таҳқиқотӣ аз ҷониби лоиҳа амалӣ гардиданд.

Лоиҳаи «Пардохти ҳушманд (Smart pay)»

Барои иҷрои фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июни соли 2023 «Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ», инчунин қарори дахлдори Раиси шаҳри Душанбе «Дар бораи Пардохти ҳушманд (Smart pay)» барои фароҳам овардани шароити мусоид ба хотири анҷом додани хизматрасониҳои давлатӣ ба таври электронӣ дар 304 сохтори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, сохторҳои таркибии Вазорати корҳои дохилӣ, Вазорати адлия, Агентии «Тоҷикстандарт», Хадамоти алоқа, Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт ва Корхонаи воҳиди давлатии «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул»-и Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи «Пардохти ҳушманд» насб гардида, рақамикунонии зиёда аз 3700 номгӯи хизматрасониҳои давлатӣ ба анҷом расонида шуд.

Барнома ба 18 бонки мамлакат пайваст гардида, имконияти пардохти ҳаққи хизматрасониҳои муздноки давлатӣ ба тариқи 665 Pos-терминалҳо, терминалҳои худхизматрасон, ҳамёнҳои электронӣ ва QR-рамзҳо фароҳам оварда шудааст.

Лоиҳаи «Харитаи электронии шаҳри Душанбе»

Дар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе амалӣ намудани лоиҳаи «Харитаи электронии шаҳри Душанбе» оғоз гардидааст, ки аз 6 марҳила иборат мебошад.

Бо мақсади иҷрои қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 18 сентябри соли 2025 дар доираи амалисозии низоми «Харитаи электронии шаҳри Душанбе» бо 28 вазорату идораҳо, аз ҷумла 21 зерсохтори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, инчунин Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 4 оператори мобилӣ корҳои ҳамгироӣ идома доранд.

Лоиҳаи «Шаҳрванди фаъол»

Ин лоиҳа яке аз компонентҳои лоиҳаи «Харитаи электронии шаҳри Душанбе» буда, раванди қабули ариза, муроҷиат ва пешниҳодҳои шаҳрвандонро ба идораҳо осон ва дастрас мегардонад. Ин ба таҳкими робитаи байни шаҳрвандон ва мақомоти давлатӣ мусоидат менамояд.

Барномаи мобилии «Шаҳрванди фаъол» аз 24 феврали соли 2026 ба таври пилотӣ оғоз гардида, 30 намуди ҳолатҳо дар самти қоидавайронкунӣ, коммуналӣ ва ободониро дар бар гирифта, дар 13 сохтори ҳудуди шаҳри Душанбе, аз ҷумла Корхонаи воҳиди давлатии «Шаҳри ҳушманд (Smart city)» фаъолият менамояд.

Барнома барои истифода ва борбардорӣ дар Google ва Apple store фаъол гардид.

Лоиҳаи «Низоми электронии идоракунии нақлиёти мусофиркашони ҷамъиятӣ»

Дар доираи лоиҳаи «Низоми электронии идоракунии нақлиёти мусофиркашони ҷамъиятӣ» (GPS Trackеr)» дар 510 автобус, 103 троллейбус ва 57 электробус таҷҳизоти GPS trackеr, таҷҳизоти санҷандаи сатҳи сӯзишворӣ ва таҷҳизоти баҳисобгирии ҷараёни мусофирон насб шудааст.

Инчунин 10 лавҳаи электронӣ бо маълумот дар бораи вақт рафту омад ва рақами хатсайри нақлиёти ҷамъиятӣ дар истгоҳҳои шаҳри Душанбе (пилотӣ) насб шуда, то охири соли 2026 таҳияи барномаи мобилӣ ва насби таблоҳои электронӣ дар истгоҳҳои боқимондаи шаҳри Душанбе амалӣ мегардад.

Соли 2025 91 миллиону 940 ҳазору 957 нафар мусофирон ба қайд гирифта шуданд, ки нисбат ба соли 2024 9 миллиону 372 ҳазору 248 нафар зиёд мебошад.

Лоиҳаи «Шаҳри бехатар»

Дар маҷмуъ дар 115 чорроҳа 315 камераи бақайдгирии қоидавайронкуниҳои ҳаракат дар роҳ, 63 радар барои пешгирии ҳолатҳои суръатафзоӣ ва 43 камераи шинохти чеҳра насб карда шуда, мавриди истифода қарор доранд.

Дар 350 истгоҳи нақлиёти ҷамъиятӣ 137 камераи бақайдгирӣ насб шуда, мавриди амал қарор доранд.

Ҳамчунин дар 575 минтақа таваққуфгоҳҳои музднок ба нақша гирифта шуда, дар 300 минтақа барои 4500 мошин ҷойи таваққуфӣ фаъол мебошанд.

Дар доираи амалиёти нақшаи «Боздошт» барои дар 68 минтақаи кӯчаю роҳҳои автомобилгарди шаҳри Душанбе насб намудани 117 адад (19 ададаш аллакай насб шудааст) камераҳои бақайдгирии роҳҳои воридшавии даромаду баромад ба шаҳри Душанбе пешбинӣ шудааст.

Лоиҳаи «Шаҳри сабз»

Дар доираи Созишномаи сармоягузорӣ насби 738 нуқтаи пуркунандаҳои барқӣ ба нақша гирифта шудааст, ки дар айни замон дар ҳамкорӣ бо ширкатҳои ватанӣ 300 ададаш фаъол мебошанд.

Дар маҷмуъ, дастовардҳо нишон медиҳанд, ки шаҳри Душанбе бо суръати устувор ба сӯи рақамикунонӣ ва рушди технологияҳои муосир ҳаракат дорад. Ин раванд на танҳо сатҳи зиндагии аҳолиро беҳтар мекунад, балки обрӯи пойтахтро ҳамчун шаҳри пешрафта ва муосир дар минтақа ва ҷаҳон боло мебарад.

Лоиқ ШЕРАЛӢ,
мудири шуъбаи технология ва коммуникатсияи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе

АКС аз муаллиф

Апрель 17, 2026 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар Душанбе ниммарафони XVI байналмилалӣ баргузор мегардад
Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе таҷлил мегардад
ДУШАНБЕ — МАРКАЗИ ТАШАККУЛИ ҲУВИЯТИ МИЛЛӢ ВА ЭҲЁИ АРЗИШҲОИ ФАРҲАНГӢ. Ба Рӯзи пойтахти Тоҷикистон эҳдо мегардад
Ба муносибати Рӯзи пойтахт хатсайри сайёҳии «Сайри шомгоҳии Душанбе» ташкил карда мешавад
ТАШАББУСҲОИ МОНДАГОРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ШИНОХТ ВА МУАРРИФИИ ТАЪРИХУ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои ба одати доимӣ табдил ёфтани машқи пагоҳирӯзӣ чӣ бояд кард?
Бахшида ба Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон намоиши аксҳои Душанбе оғоз ёфт
Роҳҳои муассири мубориза бо чангу ғубор кадомҳоянд?
ИМРӮЗ — ЗОДРӮЗИ САДРИДДИН АЙНӢ. Осори Устод Айнӣ ҳамчун сарчашмаи муҳими илмӣ ва фарҳангӣ истифода мешавад
Чангу ғубор сабаби авҷи кадом бемориҳо мегардад?
ПОЙТАХТ – ОИНАИ ДАВЛАТДОРӢ. Ба Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон — шаҳри Душанбе бахшида мешавад
АЙНИШИНОСЕ ПУРТАЛОШ АЗ КИШВАРИ ҲАМЗАБОН. Эҳдо ба зодрӯзи сардафтари адабиёти муосири тоҷик Садриддин Айнӣ