К. Хамада: «Ҳамкориҳоро бо Тоҷикистон тақвият бояд дод»
Душанбе, 14 сентябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ)- Дар мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон ва Муовини парлумонии вазири корҳои хориҷии Япония Казуюки Хамада аз сатҳи кунунии ҳамкориҳои байни Тоҷикистону Япония изҳори қаноатмандӣ шуд. Зикр шуд, ки ҷиҳати тақвияти равобити ҳар ду кишвар дар соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика ва амсоли инҳо имконияту василаҳо зиёданд ва ҳар ду ҷонибро зарур аст дар самти истифодаи пурсамари ин имконот тадбирҳои самарабахш андешанд. Мавриди зикр аст, ки соли равон аз бунёди равобити дипломатии Тоҷикистону Япония 20 сол пур мешавад. Ба гуфти Казуюки Хамада дар тӯли 20 сол Япония ва Тоҷикистон тавонистанд бо барқарорсозии ҳамкориҳои муфид дар бахшҳои мухталиф ба як қатор дастовардҳои назаррас ноил гарданд. Муовини парлумонии вазири корҳои хориҷии Япония иброз дошт, ки чун алъон барои ҳарчи бештар ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманд бо Тоҷикистон таҳкурсии мӯътамад мавҷуд аст, мо метавонем бо истифода аз ин заминаи мусоид ҳамкориҳои худро беш аз пеш тақвият диҳем. Тибқи иттилои Казуюки Хамада моҳи ноябри соли ҷорӣ дар шаҳри Токио гуфтугӯи «Осиёи Марказӣ+Япония» баргузор хоҳад шуд, ки дар назар аст дар ҷараёни он якчанд масъалаи асосӣ, аз қабили мустаҳкамнамоии амнияти Афғонистон баъд аз хурӯҷи нерӯҳои посдори сулҳ аз он, масоили марбут ба бахши энергетика, расидан ба ҳадафҳои рушди ҳазорсола, маблағгузорию тиҷорат ва ғайра таҳлилу баррасӣ гарданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Дар шаҳри Душанбе дарси маҳорати байналмилалӣ оғоз гардид
Дар ноҳияи Рӯшон кишти баҳорӣ оғоз гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст






