Мастӣ ба пастӣ мебарад
Душанбе, 25 сентябр. (АМИТ «Ховар», Музаффар Рустамов). –19 сентябри соли 2012 соати 21.30 ронандаи мототсикли тамғаи «Планета-5», бе рақами қайди давлатӣ, таҳти идораи ронанда Шералӣ Ҷӯраев, соли тавалудаш 1987, сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар ҳолати мастӣ бе ҳуҷҷати ронандагӣ ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди Ғафуров-Овчӣ Қалъача аз ўҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба дарахти канори роҳ бармехӯрад, ки дар натиҷа ронанда ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат мерасад. Ҳамчунин 20 сентябри соли 2012 соати 23.00 дар ноҳияи Данғара ронандаи мошини тамғаи «Опел-Астра» Раҷабмурод Ҷалилов, соли таввалудаш 1972, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Душанбе ба самти шаҳри Кӯлоб дар километри 90 аз ўҳдаи идораи мошин набаромада, мошинро ба канали обгузар чаппа мекунад, ки дар натиҷа ронанда ва мусофираш Мирзомуддин Муродов, соли таввалудаш 1946 ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат мерасанд. Ҳамин тариқ, аз 16 то 23 сентябри соли ҷорӣ дар роҳҳои мошингарди ҷумҳурӣ 23 садамаи роҳу нақлиётӣ ба қайд гирифта шудааст, ки бар асари онҳо 7 нафар ба ҳалокат расида, 22 нафари дигар бо ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ дар беморхонаҳо бистарӣ гардидаанд. Дар ин бора аз шӯъбаи ташвиқоту тарғиботи раёсати Бозрасии Давлатии Автомобилии Вазорати корҳои дохилии ҶТ Маҳмадшариф Шамсов иттилоъ дод.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Дар шаҳри Душанбе дарси маҳорати байналмилалӣ оғоз гардид
Дар ноҳияи Рӯшон кишти баҳорӣ оғоз гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст






