«Мо насли Истиқлол»
Душанбе, 12 сентябр. (АМИТ “Ховар”). — Аз 3 то 8 сентябри соли 2012 бо мақсади баланд бардоштани сатҳи зебоишиносӣ ва маънавиёти наврасону ҷавонон бо ибтикор ва сарпарастии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур бахшида ба 21-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар заминаи муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо шўъбаи маорифи ноҳия Фестивали эҷодиёти бадеии наврасон ва ҷавонон таҳти унвони «Мо насли Истиқлол» баргузор гардид.Дар доираи чорабиниҳои Фестивал озмуни расмҳо таҳти унвони «Кишвари сулҳ», иншои беҳтарин дар мавзўи «Тоҷикистон кишвари ман» ва шеъру сурудҳои меҳанпарастӣ, ҳамзамон ҳамоиш дар мавзўи «Нақши муқаддасоти миллӣ дар тарбияи ватандўстӣ» баргузор гардид. Барои навҷўиву эҷодкорӣ 9 нафар ғолиби Фестивал аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур бо диплом ва ҷоизаҳо сарфароз гардонида шуда, ба 8 нафар наврасе, ки дар арафаи ҷашни Истиқлолияти давлатӣ 16-сола шуданд, шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд.Бо Шоҳҷоизаи Фестивал хонандаи синфи 9 мактаби таҳсилоти умумии №29 Олиҳаи Муҳаббат сарфароз гардид. Инчунин барои саҳми арзанда дар таълим ва тарбияи насли наврас дар рўҳияи эҳтиром нисбат ба суннатҳои фарҳангии хеш, густариши пайвастаи худогоҳиву хештаншиносӣ,баландбардории маънавиёти наврасон ва ҷавонон як идда фаъолони ҳизбӣ ва омўзгорон бо тўҳфаҳо қадрдонӣ гардиданд. Қарор карда шуд, ки минбаъд Фестивали эҷодиёти бадеии наврасон ва ҷавонон таҳти унвони «Мо насли Истиқлол» таҳти сарпарастии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур ҳамасола дар арафаи ҷашни Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон баргузор карда шавад. Дар ин бора корманди Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур Хуршед Низомов иттилоъ дод.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






