Пешниҳодоти интихобкунандагон марбут ба вазъи иҷтимоист
Душанбе, 20 сентябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Масъалаҳои вобаста ба ҳаёти иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангии шаҳри Ваҳдат дар мулоқоти вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ Убайдулло Давлатов бо хизматчиёни давлатӣ ва аҳли ҷамоатчигии шаҳр матраҳ гардид. У. Давлатов зикр кард, ки ҳадафи вохўриҳои вакилони палатаи поёнии парлумони мамлакат дар минтақаҳои мухталифи кишвар тавсеаи робитаи мустақими вакилон бо интихобкунандагон аст. Зимни вохўрӣ роҳбарияти шаҳри Ваҳдат ва хизматчиёни давлатӣ ҷиҳати беҳдошти вазъи иҷтимоӣ ва тағйиру иловаҳои воридгардида ба як қатор қонунҳои кишвар ибрози назар намуданд. Ҳазамон вакили палатаи поёнии парлумони мамлакат бо аҳли заҳмати ҷамоати деҳоти Бозорбой Бурунов мулоқот анҷом дод. Сокинони ҷамоати мазкур атрофи баъзе мушкилоти ҳаёти иҷтимоиашон сухан гуфта, ба намояндаи худ дар парлумон саволу пешниҳодҳо ироа карданд. У. Давлатов зикр намуд, ки тамоми масъалаҳои пешниҳодшуда ҳатман ба ҷаласаҳои ояндаи парлумон ворид ва мавриди баррасӣ қарор дода мешаванд.15.32.








Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад






