Пуштунҳо дар ҳошияи таърихи даҳ қавми гумшудаи Бани Исроил
Душанбе,28 сентябр. (АМИТ «Ховар» Зарангез Латифова).-Чанде қабл нашриёти «LAP LAMBERT Academic Pablishing» таҳқиқоти монографии олими шинохтаи тоҷик, афғоншинос Саид Ҳомидовро таҳти унвони «Пуштунҳо дар ҳошияи таърихи даҳ қавми гумшудаи Бани Исроил» ба забонҳои русӣ ва англисӣ ба нашр расонид.Асари мазкур нахустин таҳқиқоти мукаммал ва илмӣ доир ба этногенез ва таърихи этникии пуштунҳо дар адабиёти илмии ватанӣ ва хориҷӣ ба ҳисоб меравад. Баҳси пуштунҳо ва таърихи равобити он бо яҳудиён дар таърих доманаи васеъ дошта, ҳатто назарияи пайдоиши пуштунҳоро аз яҳудиён ба вуҷуд овардааст.Муаллиф дар асоси далелҳои таърихӣ — этнографӣ ва таҳлилӣ насабномаи пуштунҳо, ҳамчунин истифода аз маълумотҳои навини генетикаи инсон ва дигар усулҳои иҷтимоӣ кӯшиш ба харҷ додааст, баҳсу мунозираро дар атрофи ин масъала равшан созад. Боиси хурсандист, ки Китобхонаи Миллии кишвари Олмон ин асарро ба феҳристи муътабари библиографии худ дохил кардааст ва изҳори назар доштааст, ки нусхаи англисии он дар ҳоли ҳозир дар кишварҳои аврупоӣ яке аз пурхонандатарин асари илмӣ роҷеъ ба қавму қабилаи ҷомеаи пуштунҳо ба ҳисоб меравад. Ин чаҳорумин асари муаллиф аст, ки дар хориҷи кишвар бо забонҳои русӣ, англисӣ ва олмонӣ ба нашр расидааст.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Дар шаҳри Душанбе дарси маҳорати байналмилалӣ оғоз гардид
Дар ноҳияи Рӯшон кишти баҳорӣ оғоз гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст






