Ш.Саид — роҳбари аҳли тиҷорати ЭКСПО «Чин-АвруОсиё»
Душанбе, 7 сентябр.(АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова).- Бо ибтикори ҷониби Чин раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Шариф Саид роҳбари аҳли тиҷорати «ЭКСПО-АвруОсиё» интихоб гардид. Тавре ки аз Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, «Корпоратсияи сохтмонии Синҷон» дар ҳошияи намоишгоҳи дуюми «ЭКСПО-АвруОсиё» дар шаҳри Урумчӣ ба манзури рушду густариш бахшидани ҳамкории байни давлатҳои иштироккунандаи ЭКСПО чорабинии махсусро роҳандозӣ намуд. Дар ин маросим ҷониби Чин пешниҳод намуд, ки раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон роҳбари соҳибкорони кишварҳои иштироккунандаи «ЭКСПО-АвруОсиё» интихоб карда шавад. Шариф Саид зикр намуд, ки Тоҷикистон ба ояндаи ҳамкории Тоҷикистону Чин бо нияти нек назар карда, итминон дорад, ки ҳамкории ҳарду кишвар минбаъд ҳам густариш хоҳад ёфт.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Дар шаҳри Душанбе дарси маҳорати байналмилалӣ оғоз гардид
Дар ноҳияи Рӯшон кишти баҳорӣ оғоз гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст






