Вакилон бо интихобкунандагони худ мулоқот менамоянд

Сентябрь 11, 2012 14:33

Душанбе, 11 сентябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайрулло). — Аз 10 то 20 сентябри соли ҷорӣ мувофиқи дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вакилони Маҷлиси намояндагон ба вилоятҳои Хатлону Суғду Бадахшон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ сафар намуда, роҷеъ ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарору қонунҳои нав қабул намудаи Маҷлиси намояндагон ва дигар масъалаҳои муҳими сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоию фарҳангӣ бо интихобкунандагони худ мулоқот менамоянд.  Тавре ки котиби матбуотии Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов ба мо иттилоъ дод, имрӯз вакили Маҷлиси намояндагон Тӯрахон Самадов дар ҷамоатҳои ба номи «Озодӣ» ва «Ҳаёти нав»-и ноҳияи Ёвон бо интихобкунандагони худ мулоқот намуд. Турахон Самадов иброз намуд, ки бо шарофати истиқлолият дар кишвари азизамон ваҳдати миллӣ, сулҳи пойдору суботи сиёсиву иҷтимоӣ ва фазои озоди бунёдкориву созандагӣ фароҳам оварда шуд. Буҷети давлатӣ пеш аз ҳама ба ҳалли масъалаҳои рушди иқтисодии мамлакат ва беҳтар гардидани сатҳи зиндагии мардум нигаронида шудааст. Тӯрахон Самадов дар анҷоми мулоқот ба саволҳои интихобкунандагони худ посух гуфт. Мулоқоти вакилони Маҷлиси намояндагон бо интихобкунандагони худ дар дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ низ идома дорад.

Сентябрь 11, 2012 14:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад